Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти ичроияи ҳокимияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Чумхурии Точикистон дар пойтахти кишвар хатсайри сайёҳии шиносоӣ аз таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд. Тавре ҳамкорамон Муҷиддини Сайфиддин аз раванди баргузории ин хатсайри сайёҳӣ иттилоъ доданд.
Хатсайри мазкур бо ҷалби рохбарону кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шахри Душанбе ва ноҳияҳои он, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорону ҷавонону варзишгарон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии худуди шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Зимни баргузории хатсайрҳои сайёҳӣ боздиди иштирокчиён аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон ба роҳ монда шуда, аз ҷониби роҳбаладон доир ба объектҳои сайёҳи ва иқтидори онҳо маълумоти мушахассас пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, дар кинотеатреи Ватан тамошои филми мустанади. «Эмомали Раҳмон ҳомии сулҳи ҷаҳон ба роҳ монда шуд.
Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шахри Душанбе мунтазам баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар замиру ботини сокинони пойтахт тарбият намудани ҳисси шукргузорӣ аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва омӯзишу арҷгузорӣ ба хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд.
Таҷлили Рӯзи Президенти Чумхурии Точикистон эхтирому эътирофи фазилати сиёсатмадорӣ дар давраи давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамин, рушди босуботи мамлакат ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалист, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ аз салоҳиятнокӣ, фаъолияти босамар соҳибхирадии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Муҷиддини Сайфиддин,
радиои «Тоҷикистон»
