Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ 265 медал ба даст овардаанд

Дар соли таҳсили сипаригашта бахши варзиш,тибқи дастуру санадҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲҶТ ва нақшаи ягонаи тақвими чорабиниҳои оммавию варзишӣ, солимгардонӣ омодагии иштироки фаъолона дар чорабиниҳою мусобиқаҳои варзишӣ, ба дастовардҳои муайян ноил гардидааст.

Ин матлабро имрӯз зимни нишасти хабарии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов, муовини аввали Донишкадаи мазкур Шерафган Оёмахмадов итилоъ дода, гуфт варзишгарони Донишкада дар 63 чорабинии оммавӣ, варзишӣ ва 232 мусобиқаҳои варзишӣ, ҷамъ дар 295 чорабиниҳо иштирок намуда, 265 медал ба даст овардаанд.

Ҳамчунин таъкид кард шуд, ки дар ин давра 46 нафар донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани 11 медали тилло 16 медали нуқра ва 19 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.

Сурайёи Сироҷиддин,

радиои “Тоҷикистон”