Пардохти маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ 63 фоиз иҷро шудааст

Соли 2023 бинобар сабаби гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба ҷорӣ намудани низоми билингӣ ва пардохти ғайрнақдии маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷараёни пардохти маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ каме ба таъхир афтода, дар маҷмуъ 51,2 млн. сомонӣ ё ин ки 63 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин хусус имрӯз директори Агенти беҳдошти замин ва обёрии назди ҲҶТ зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд. Гуфта шуд, ки бинобар сабаби аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар обистифодабарандагон сари вақт ва пурра пардохт нагардидани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ бақияи қарз аз ин ҳисоб дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ соли 2023 дар ҳаҷми 28,6 млн сомонӣ ва бо дар назардошти солҳои пешин 187,9 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ин дар навбати худ боиси афзоиши ёфтани қарзҳои дебиторию кредитории зерташкилоту идораҳои Агентӣ гардидааст.

Сурайё Баротова

радиои “Тоҷикистон”