Бо мақсади устувор намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар масъалаҳои марбут ба партовҳо дар сатҳи минтақавию байналмиллалӣ бо ташабусси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳо таъсис дода шудааст. Ин нуктаро имрӯз раиси Кумитаи мазкур Баҳодур Шерализода ба ҷамъи намояндагони васоити ахбори омма иттилоъ дод.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар ифлосшавии муҳити зист ва партовҳо яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, дар самти назорати таҳлилии таъсири партовҳо ба манбаъҳои обӣ аз 339 иншоот 506 намунаи партовҳо гирифта ташхис карда шуд, ки дар 159 иншооти мавриди ташхис қарор дода шуда, нишондодҳои моддаҳои муаллақ ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи иттилои пешниҳодшуда дар соли 2023 “Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи Палангон” ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд.
Ширин Иноятова
радиои “Тоҷикистон”