Бо мақсади муайян намудани захираи барф мушоҳидаҳои аэровизуалӣ 2 апрел ва 30 июни соли 2023 дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб ва минтақаи Канаски ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, инчунин 26 сентябри соли 2023 дар ҳавзаи дарёи Зарафшон гузаронида шуданд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар дода шуд. Муайян шудааст, ки сарҳади қабати барфпӯш 1800-2600 метр аз сатҳи баҳрро ташкил дода, захираи барф дар 4 ҳавзаи дарёҳои мазкур 98%-и меъёри бисёрсоларо ташкил медиҳад.
Инчунин моҳҳои январ, феврал ва марти соли 2023 дар минтақаҳои Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Такоби ноҳияи Варзоб, дар ҳавзаи дарёи Саратоғи ноҳияи Айнӣ, ҳавзаи дарёи Камароби ноҳияи Рашт, ҳавзаи дарёи Ёхсуи ноҳияи Муъминобод, ҳавзаи дарёи Обихингоби ноҳияи Сангвор, ҳавзаи дарёҳои Ванҷоб ва Ғунди ВМКБ корҳои барфченкунӣ бо усули пиёда ба анҷом расонида шуданд.