Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ин ниҳод нишасти матбуотӣ доир гардид.
Зимни нишаст ректори донишгоҳ Илҳом Амонзода иттилоъ дод, ки дар соли 2023 донишгоҳи технологӣ бо 18 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст.
Дар самти мустаҳкам намудани алоқа бо истеҳсолот ва фароҳам овардани шароит барои таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён бошад 25 шартномаҳои ҳамкорӣ бо корхонаи муассисаҳо баста шудаанд. Аз рафти баргузории ин нишаст ҳамкорамон Муҷиддини САЙФИДДИН хабар дод. Тибқи иттилои пешниҳод шуда, дар донишгоҳи технологӣ 76 нафар донишҷӯёни хориҷӣ низ таҳсил менамояд.
Муҷиддин Пардаев
радиои “Тоҷикистон”