Ду қадам то финал. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо тими миллии Урдун омодагӣ мегирад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мегирад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Миллипушони мо дар 1/4 финал бо мунтахаби Урдун бозӣ мекунанд. Рақобат санаи 2-юми феврал соати 16:30 ба вақти Тоҷикистон оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабиро шикат дода буд. Дар сурати пирӯзӣ бар Урдун, бозингарони мо дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Австралия – Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунанд.

Ба миллипушонамон музаффарият мехоҳем.