Ширкати нейротехнологии «Neuralink” бори аввал имплантро ба майнаи инсон ворид намуд. Дар ин бора муассси ширкати мазкур Илон Маск дар сомонаи иҷтимоии Твитери худ хабар дод.
Ба навишати мавсуф аввалин маҳсулоти Neuralink Telepathy ном дошта, он ба шахс имкон медиҳад, ки телефон ва компютерро бо қувваи фикр идора намояд. Ҷарроҳии мағзи сар тавассути робот анҷом дода мешавад. Алаккай барои санҷиш, дар майнаи сари як нафар чипи бесимро гузоштаанд, ки натиҷаи кори дастгоҳ самарабахш арзёбӣ мешавад. Ба ақидаи олимон чип дар мағзи сар ҳамчун пайванд байни майнаи инсон ва компютер хидмат намуда, он дар мубориза бо мушкилоти ҷисмонӣ ва равонӣ кӯмак хоҳад кард.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи майи соли гузашта ба Ширкати нейротехнологии «Neuralink” иҷозатнома барои озмоиши имплант дар майнаи сари инсон дода шуда буд. Стартапи Neuralink моҳи июли соли 2016 сохта шуда буд ва чипҳое таҳия менамояд, ки дар ниҳоят ба майнаи инсон ворид мешаванд. Созмондиҳандагони ин тарҳ эътимод доранд, ки чунин интерфейсҳои нейронӣ имкон медиҳанд, то инсон ба киборг, ки қодир аст, ба зеҳни сунъӣ муқовимат намояд, табдил ёбад. Он инчунин ба одамон кумак менамояд, ки бо истифода аз қувваи фикрӣ мустақиман идора намудани компютерро омӯзанд.