Аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқавории дар бозорҳои истеъмоли ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1174795 адад ташхисҳои маҳсулоти озуқаворӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян карда, фурӯшашон манъ ва нобуд карда шудаанд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Ширинҷонзода Маҳмуд муовини Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамзамон илова намуд, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар давлатҳо 226496 тонна, аз ҷумла мевагиҳои тару тоза содирот карда шудааст.
Инчунин барои вайрон намудани қоидаҳои байторию фитосанитарӣ ҳангоми воридоти борҳои таҳти назорати байторӣ ва фитосанитарӣ дар дар давраи ҳисоботи нисбати 126 нафар соҳибкорон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи ҷаримаи татбиқгардида дар ҳаҷми 205044 сомонӣ ба пуррагӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст.
Гулрӯ Ниёззода
радиои “Тоҷикистон”