Соли 2023 3 млн 679 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст

Айни замон қарзи ширкати «Тоҷик Эйр» ба 46 млн. доллари амрикоӣ расидааст,  яъне 3 млн. доллар пардохт карда шуд ва дар оғоз ин маблағ 49 млн. долларро ташкил медод,  аммо барои оғози парвозҳо ҳоло ин кифоя набуда, вазъи молиявии ширкат беҳбудӣ мехоҳад ва дар ин самт тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд, – таъкид намуд директори Агентии авиатсияи гражданӣ Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Дар нишасти матбуотие, ки дар он панҷ ниҳод – Агентии авиатсияи гражданӣ, Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ва Аэронавигатсия  дар якҷоягӣ маълумоти муфассалро дар бораи фаъолияти соли 2023 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма доданд, масъалахои муҳим ин беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва зиёд намудани саҳми ширкатҳои ватанӣ дар анҷоми парвозҳо буд.

Таъкид карда шуд, ки бо 28 кишвари хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳоло ба 48 самти 12 кишвари дунё  парвозҳо ба анҷом мерасанд.  Дар соли 2023 ҷадвали парвозҳои мунтазами ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ бо зичии зиёда аз 270 парвоз дар як ҳафта тасдиқ гардида буд. Ба фурудгоҳҳои байналмиллии кишвар 12238 хатсайр аз ҷониби ширкатҳо анҷом дода шуд, ки тавассути ин хатсайрҳо 3 млн 679 ҳазор мусофир интиқол дода шуданд.

Ширкати  «Сомон Эйр»  бошад, дар ин давра 782 ҳазор мусофирро интиқол додааст.  Парвозҳо тавассути ин ширкати ватанӣ ба самтҳои Федератсияи Россия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Узбекистон, Қазокистон, Ҳиндустон, Чин, Эрон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Арабистони Саудӣ иҷро гардидааст.  Ҳамчунин тавассути чархболҳои ширкат 300 соат павроз ба анҷом расонида шуда, ки 90 фоизи он дар самти сайёҳӣ мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки ҳоло саҳми ширкатҳои ватанӣ дар бозори хизматрасонии ҳавоӣ махсусан ба самти Федератсияи Россия 12 фоизро ташкил менамояд ва барои бештар намудани ин нишондиҳанда тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Дар ҳолати хуб шудани  вазъи молиявии ширкати «Тоҷик Эйр» ва оғози парвозҳо ин имкон ба кормандони соҳа даст хоҳад дод. Дар соли 2023 бо Ҷумҳурии Латвия Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст, ки барои гирифтани автолайнерҳо мусоидат хоҳад кард.

 КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бошад, ба натиҷаҳои мусбат ноил гардида, дар соли гузашта ба 51530 ҳазор адад ҳавопаймо хизматрасонӣ кардааст ва парвози транзитӣ 25971 ададро ташкил намуд, ки ин намуди парвоз барои ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон дар самти роҳҳои ҳавоӣ нақши муҳим мегузорад.

Шоистаи Аҳмад,

радиои “Тоҷикистон”