Омӯзгорони Донишгоҳи тиҷорат аз курсҳои гуногуни такмили ихтисос гузаштанд

Дар соли 2023 50 нафар омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз курсҳои омӯзишӣ такмили ихтисос Донишкадаи такмили ихтисос омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгохи милли Тоҷикистон ва хориҷи кишвар гузаронида шуда, соҳиби диплом гаштанд. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хайрулло Назарзода баён намуд.

Ба ба иттилои Хайрулло Назарзода инчунин аз ҷониби шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳ 6 курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаронида шуд, ки 112 нафар омӯзгор дар онҳо иштирок намуданд.

Ҷиҳати татбиқи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ курси кӯтоҳмуддат барои омӯзгорон аз рӯйи барномаи “рақамикунонии таҳсилот” гузаронида шуд, ки дар он 90 нафар иштирок намуданд.

Сурайёи Сироҷиддин

радиои “Тоҷикистон”