Даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ дар соли 2023 ба маблағи 3 миллиарду 867 миллиону 609 ҳазору 467 сомонӣ расида, нисбат ба соли 2022, (3 миллиарду 586 миллиону 838 ҳазору 599 сомонӣ), 7,8 фоиз зиёд шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев бо ироаи ин матъулом гуфт, ки то ин давра субъектҳои хоҷагидоре, ки барои хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатнома доранд, 78 ададро ташкил намуда, бо 225 адад намуди мухталифи иҷозатномаҳои хизматҳои алоқаи барқӣ фаъолият менамоянд. Дар умум 1328 адад ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва 156 адад сертификатсияи мутобиқати воситаҳои алоқаи барқӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дода шудааст.
Ҳамчунин соли гузашта ба 2 ширкати алоқаи барқӣ оид ба дастраснамоии мустақими интернети баландсуръат иҷозатнома супорида шуд, ки ин баҳри дастрасии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интернет иқдоми саривақтӣ мебошад.