Намоиши тозатаҳияи “Зол ва Рудоба” –и театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар 42-умин Фестивали байналмилалии “Фаҷр” – и Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат мекунад. Ин хушхабарро ба мо директори театри мазкур Отахон Саидзода аснои як суҳбати вижа расонд.
Бояд зикр кард, ки намоиши “Зол ва Рудоба”, ки бар асоси достонҳои “Шоҳнома” – и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар коргардонии Баҳром Қурбонзода ва басаҳнагардонии Ҷумъа Қуддус таҳия шудааст, дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии “Парасту-2023” мақоми дуюмро ишғол кард ва анқариб дар тамоми атрофу акнофи кишвар, махсусан шаҳри Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор, Қубодиён, Хуросон, Панҷ, Норак ва ғайра намоиш дода шуд. Бори нахуст аст, ки театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар дар чунин маъракаи фаромиллии театрҳои касбии “Фарҷ” – и Эрон ширкат мекунад, гуфт аснои суҳбат Отахон Саидзода.
Нақшҳоро дар ин асари мондагор Фирдавсӣ Турдилаӣ, Дилафрӯз Саидова, Меҳринисо Ҳоҷибоева, Отахон Саидзода, Муҳаммад Шомудинов, Қурбонмуҳаммад Шукуров, Бибинисо Боқиева, Ҷамила Юсуфзода, Оимгул Давлатзода, Азизҷон Сайфуллоев, Гулнора Саидалиева, Кароматулло Сафаров ва дигарон, ки ҷамъан 20 тан ҳунарпешаҳои болаёқат ҳастанд, иҷро мекунанд. Сафари ҳайати эҷодии тетари мазкур ба Фестивали байналмилалии “Фаҷр” таърихи 21-уми январи 2024 дар назар аст.
Таҳияи Лутфуллои Азиз