ВОХӮРИИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО НАМОЯНДАГОНИ CRBC

Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо роҳбари Намояндагии корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва купрӯкҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Чанвэй мулоқот намудааст.

Дар рафти мулоқот зарфиятҳо барои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Намояндагии корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва купрӯкҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифтааст.