Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба таваҷҷуҳи муассисаҳои эҷодӣ, филмноманависон, коргардонҳо ва адибону нависандагон мерасонад, ки ба хотири таҳияи филмҳои гуногунжанр дар соли 2024 филмномаҳо барои наворбардории филми ҳунарии пурра, филми кутоҳи бадеӣ, филми мустанад ва филми тасвирӣ қабул карда мешаванд.
Ба иттилои сомонаи расмииМД «Тоҷикфилм» Филмномаҳоро аъзои Шурои бадеии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баррасию муҳокима менамоянд.
Гуфта мешавад, ки дар сурати пазируфта шудани филмнома муаллифон метавонанд ба таври аёнӣ (слайд шоу) филмномаро рӯнамоӣ ва муаррифӣ намоянд.
Филмномаҳо то 1-уми марти соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» кӯчаи Беҳзод, 25, шуъбаи умумӣ, ошёнаи дуюм қабул карда мешаванд.
Телефон барои тамос: 221-71-50 ; 93-848-07-50;