Баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ барои афсарону сарбозон дар Хатлон

Ҷамъомади методӣ-таълимӣ бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ин ниҳоди қудратӣ давоми 2 рӯз дар пойгоҳи Қувваҳои ҳарбӣ ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳ ва машқгоҳи “Фахробод”-и вилояти Хатлон ташкилу ба роҳ монда шудааст.

Тавре сомонаи Вазорати мудофиа хабар медиҳад, ҳадаф аз баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ ин пеш аз ҳама дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, таҷрибаомӯзӣ аз ҳамдигар ва баланд бардоштани масъулият ва сайқали донишу малакаи иштирокчиёни онро дар бар мегирифт. Яъне мароми асосӣ ин ташаккул додани назару муносибати ягона ба масоили омодагии ҷангӣ, ташкили хидмати дохилии қӯшунҳо, мувофиқ намудани ҳудуди тамоми шаҳракҳои ҳарбӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва дигар мавзеъу нуқтаҳои таълимии афсарону сарбозон ба талаботи оинномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Рӯзи дуюми машғулиятҳои методӣ-таълимӣ дар машқгоҳи ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон идома ёфт. Дар чунин ҷамъомадҳои таълимӣ вобаста ба мавзӯъҳои муҳими соҳавӣ ҳар дафъа талаботи нав ва навовариҳои зиёде ворид карда мешавад. Зеро авзои пуртазоди ҷомеаи муосир, низомиёни ҳама зинаҳоро ба он водор менамояд, ки донишу малака, маҳорати касбӣ ва таҷрибаи соҳавии худро дар мубориза бар зидди ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мутобиқ намоянд.

Аз ин рӯ дар чунин ҷамъомаду машғулиятҳои назариявию амалии саҳроӣ роҳу усулҳои омодагии сафарбарӣ ва марҳилаҳои тайёрӣ ба он, тарзи идора намудани ҷузъу том дар маҳалли амалиёт, мутобиқ намудани вазъи рӯҳӣ-равонии ҷанговарон ҳангоми набард, омӯзишу аз бар намудани мавзеву минтақаи ҷуғрофӣ, тартиби бурдани хизмати қаровулӣ, ҷобаҷогузории наряди шабонарӯзӣ, роҳандозӣ намудани тадбирҳои муҳим дар самти ҳимояи шаҳрчаҳои ҳарбӣ ва дигар мавзуоти марбут, ки ба сатҳи омодагии ҳамаҷонибаи низомиён мусоидат мекунад, мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Ҳамин тариқ,  қабл аз натиҷагирӣ намудани ҷамъомади 2-рӯзаи методӣ-таълимӣ иштирокчиёни он аз фанҳои гуногуни ҳарбиву ҷисмонӣ, тарзи идора намудани ҷузъу том, воҳидҳои ҳарбӣ, омодабошии ҷангӣ ва оид ба дигар мавзӯҳои соҳавӣ дар назди афсарони масъули Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ санҷиш супурданд.