ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ 17 ТО 23 ЯНВАРИ СОЛИ2024 “ҲАФТАИ ИХТИРОЪКОРӢ ВА НАВОВАРИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН” БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ба муносибати Рӯзи байналмилалии ихтироъкории кӯдакон, ки ҳамасола 17 январ таҷлил мегардад, тибқи фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 15.01.2024 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз 17 то 23 январи соли2024 “Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон” эълон карда шуд.

Маврид ба зикр аст, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҳафтаи мазкур баргузории озмунҳои гуногуни илмиву эҷодӣ ва зеҳнӣ, дарсу машғулиятҳои таҷрибавуву озмоишӣ, намоиши ихтироот ва навоварии хонандагон ва ғайраҳо дар муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешаванд.

“Ҳафтаи ихтироъкории кӯдакону наврасон” бо мақсади мақсади иҷрои ҳадафҳои барномаи “Бистсолаи омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020-2040”, ҷалби таваҷҷӯҳи кӯдакону наврасон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, шиносоӣ бо навовариҳои илм ва истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳои муосир, мусоидат дар рушди тафаккури техникӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули қобилиятҳои эҷодиву зеҳнӣ, омодагии ҷиддии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва ҷиҳати татбиқи амалии дастури Раиси шаҳри Душанб муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба тақвияти корҳо дар самти дарёфт, ҳавасмандгардонӣ ва тарбияи истеъдодҳои нав дар бахшҳои ихтироъкориву навоварӣ эълон гардида, бори аввал дар ин сатҳ ташкилу баргузор карда мешавад.