Бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП-480 “Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” қарори раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расид.
Тибқи ин қарор, ки 8 январ, таҳти №1 имзо шудааст, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои ғолибони даври вилоятии Озмун тасдиқ гардидааст.
Барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятии озмун пирӯз омадаанд, инчунин хароҷоти изофии озмун 578 ҳазору 520 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин озмун ҳам барои барандагони ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 2000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.
Қобили қайд аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ҳамзамон амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навъоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав ҳамасола баргузор мегардад.