Агар умр вафо мекард, имрӯз ровии номовару хушноми Радиои Тоҷикистон, Субҳон Раҳматов ба синни 90-солагӣ мерасиданд. Фаъолиятҳои пурсамари устод Субҳон Раҳматов барои наслҳои дирӯз, имрӯз ва фардои радио мактаби бузурги омӯзиш аст.
Субҳон Раҳматов, устоди каломи бадеъ (1973), наттоқи дараҷаи олии радио ва телевизиони тоҷик (1968), корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон (1977), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз с.1959) ва СССР (1962) мебошанд.
Ӯ 12 январи соли 1934 дар гузари Мотуруди ш.Самарқанд тавваллуд шудаанд. Дастпарвари мактаби миёнаи №27 зодгоҳ (1948). Омӯзишгоҳи педагогии тоҷики Самарқанд (бо дипломи имтиёзнок, 1952) ва факултаи забон ва адабиёти ӯзбекии Донишкадаи педагогии Самарқандро (бо дипломи имтиёзнок, 1956) хатм кардаанд.
Соли 1956 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадаанд. Наттоқи гуфторҳои бурунмарзии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Совети Вазирони Тоҷикистон (1956-59), муҳаррир, муҳаррири пешбари барномаҳои радио (1959-69), сармуҳаррири барномаҳои саноату сохтмон (1969-71), сармуҳаррири намоишҳои сиёсии телевизион (1971-76), сармаъмури кулли барномаҳои радиои ҷумхурӣ (1976-87), наттоқи дараҷаи олӣ (1987-95), мудири шӯъбаи наттоқони радио (1995-03), мушовири директори генералии ширкати Радиои “Ватан” (2003-10).
Муаллифи рисолаҳои «Таджикскому радио 50 лет» (1980), «Минбари савту калом» (2001), «Хотираи неки ашхоси арҷманд» (2007), «Васоити иттилоотии умум ва ҷавонон» (2008). Қариб 500 ҳикояву новелла, пиесаҳои якпардагию бисёрпардагиро аз забони русӣ ва ӯзбекӣ ба тоҷикӣ гардонидаанд. Дар ҷамъомадҳои сиёсии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (анҷуману пленум, сессияву маҷлисҳои тантанавӣ) маърӯзаи сарони давлатро, суханварони ҷамъомадро аз забони тоҷикӣ ба ӯзбекӣ ва баръакс, аз тариқи микрофон тарҷума мекарданд.
Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон, нишони «Аълочии телевизион ва радиои СССР ва Тоҷикистон» (1974), медали “Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин” (1970), Медали тиллои Фонди советии сулҳ “Барои мустаҳкам намудани сулҳ” (1981), нишони сарисинагии «Барои сарпарастии мадании Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», бисьёр Грамотаҳои фахрии соҳавӣ ва идоравии РСС Точикистон, РСС Узбекистан ва СССР мукофотонида шудаанд. Иштирокчии Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи СССР (1970) тасдиқ шудаанд. Бо унвони «Ветерани меҳнат» сарфароз гардидаанд (1985).
Устод Субҳон Раҳматов 18 сентябри соли 2010 дар ш. Душанбе аз олам гузаштаанд.
Чанд иқтибос аз китоби хотиравии «Субҳони субҳи радио» бахшида ба устоди каломи бадеъ Субҳон Раҳматов
Хизмати Субҳон Раҳматов на танҳо дар рушди радио ва телевизион ва сохторҳои он дида мешавад, инчунин ӯ барои тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони ин соҳа хизмати арзанда кардааст. Дар хазинаи радиои Тоҷикистон садҳо гуфтору барномаҳои пурмазмуне дар қироати ин марди фозил маҳфуз мебошад, ки номи ӯро поянда хоҳанд дошт.
Обид Ҳомидов, Аълочии радио ва телевизиони СССР ва Тоҷикистон,
Корманди Шоистаи Тоҷикистон
Субҳон Раҳматов ташкилотчии хуб ба шумор меомад. Солҳои зиёд директории радиои Ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт, барои хушсифат ва рангоранг гардидани барномаҳои радио заҳмат мекашид, бо ходимони масъули радио ва муаллифон сӯҳбатҳо меорост, дар тарбияи рӯзноманигорони ҷавон саҳми шоиста мегирифт, шогирдони боистеъдод дошт..
Ошиқи сухан, ошиқи каломи ҷонпарвар буд. Ӯ кӯшиш менамуд, ки дар назди идораи телевизион ва радио мактаби омӯзиши хунари наттоқӣ таъсис дода шавад, то ки ровиҳо беѓалат қироат кардани матн ва бехато хондани шеърро ёд гиранд. Номи марди ватандӯст дар таърихи рӯзноманигории тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Атахон Сайфуллоев, д.и.ф., профессор, собиқ
Раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон
Чунин обрӯю эътибор худ ба худ пайдо нашудааст. Ӯ, Субҳон Раҳматов, дониши фаровон дошт, нисбат ба худ серталаб буд. Тамоми нозукиҳои эҷодӣ ва техникии радиоро аз бар карда буд. Шогирдони боистеъдодро тарбия намуда, сирру асрори наттоқиро ба онҳо кушода медод.
Акбар Ҷӯраев, собиқ Раиси Кумитаи давлатии
телевизион ва радиои Тоҷикистон
Ҳар замоне, ки ҳассосияти мо боло мегирифту андаке тундравӣ мекардем, устод Субҳон Раҳматов бо нақли ҳикоёту ривояти бузургон ба мо тасаллият бахшида, таъкид мекарданд, ки инсон бояд ҳамеша ба ақли солим такя созад.
Бобоҷон Икромов, журналист, собиқ
Раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қудрати овоз, садо ва суханварӣ дар радио ҳамин аст, ки он шахсро мӯътабар ва шоистаи эҳтиром мекунад ва касро водор менамояд, ки илоҷе карда он шахсро биёбад, дар сӯҳбаташ боре иштирок бикунад, аз наздик лаҳзае ҳам бошад, ӯро рӯ ба рӯ бубинад. Худ овози Субҳонака ба дилҳо шӯру шавқ ва тозагии субҳро меовард.
Дигар он ки на ҳар кас метавонад бо сухан дар радио саҳна офарад, нақш бозад, нақши худро гузорад. Субҳонака тавонистанд.
Субҳонака, намунаи барҷастаи ирсияти миллат аст, ки суханвариро аз ниёгони бузурги худ бо хуну ҷон қабул намуда, ба талошу заҳмат такмилу сайқал додаанд.
Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,
собиқ раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радио ҶТ
Субҳон Раҳматов яке аз журналисти беҳтарини кумита ба ҳисоб мерафт, суханвар ва дар наттоқӣ ҳамто надошт. Ӯ дар ҷамъомаду маъракаҳо ба ҳайси раис аз эҷодиёти шоирони классику муосир чун хазинаи беохир шеър мегуфт. Вай ба қадри инсон, рафиқаш, ҳамкасбу ҳаммаслакаш, ҳамсӯҳбаташ мерасид. Аз ҳамин лиҳоз мо, ёру дӯстонаш, ӯро наѓз медидем, ҳурмату эҳтиромаш мекардем.
Искандар Мирзоев, собиқ муовини
раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон
Аз забони ширину гуворои Субҳон Раҳматов борҳо чунин суханҳоро мешунидам:
– Эҷодкори ҳақиқӣ, сарфи назар аз синну сол ва мансабу собиқа, бояд мунтазам дар ҷустуҷӯ, омӯзиш, такмили ҳунару малака бошад. Тақлид дар ягон касбу ҳунар, алалхусус гӯяндагӣ, манфиат набахшидааст ва намебахшад. Зеро агар дар замири кас ҷавҳари хушгуфторӣ, лаҳни гуворо, забони бурро, яъне аломатҳои наттоқӣ вуҷуд надошта бошад, бо ҳазор талқини устоду машқи бардавом аз ӯ ровии ҳақиқӣ намебарояд.
Бурҳони Раҳмон, Аълочии радио ва телевизион,
наттоқи да-раҷаи олӣ, Корманди шоситаи маданияти ҶТ