10 январи 2024 интихоботи президент ва муовинони президенти Бюрои Шӯрои иҷроияи Сохтори СММ оид ба баробарии гендерӣ ва тавондмандсозии занон (СММ-Занон) барои соли 2024 баргузор шудааст.
Тавре саҳифаи фейсбукии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад, дар рафти интихобот Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ бори аввал ҳамчун намояндаи гурӯҳи кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба мақоми муовини президенти Шӯрои иҷроияи СММ-Занон барои соли 2024 интихоб гардид.
Шӯрои иҷроияи СММ-Занон ва ҳайати роҳбарикунандаи он барои дастгирии байниҳукуматӣ ва назорати фаъолияти амалиётии он таъсис дода шудааст.