Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 10 январи ҳар сол Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷашн гирифта мешавад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад».
Ҷиноятҳои характери коррупсионӣ дошта дар баробари экстремизму терроризм барои ҷомеа бениҳоят хавфноканд ва барои татбиқи орзую ормонҳои ватандўстонаю некбинона баҳри рушди кишвар монеа эҷод менамоянд. Коррупсия дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ба шумор рафта, ба амнияти миллии давлатҳо халал ворид намуда, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии онҳоро коста мегардонад.
Файласуфи англис Томас Гоббс оид ба ин зуҳуроти номатлуб чунин қайд намудааст: «Коррупсия решаест, ки он дар ҳама давру замон ва ҳар лаҳзаи майлу дилкашолӣ боиси пайдо шудани нафрат ба тамоми қонунҳо мегардад».
Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади пешгирии сабаб ва омилҳои коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 дар Мексика дар конференсияи сиёсии сатҳи олӣ Конвенсия қабул намуд ва бо ташаббуси СММ рўзи 9-уми декабр рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия (International Day Against Corruption) эълон гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми сентябри соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба имзо расида бо хушнуди пазируфта шуд, зеро ин ҳуҷҷат дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими ҳуқуқӣ ба шумор меравад, чунки мақсади ҳар як давлату миллат ва роҳбарияти олии он ташкилу таъмини ҳаёти осудаву оромонаи миллат ва ҷомеаи шаҳрвандист. Аммо барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан, монеаҳои зиёдеро паси сар бояд кард, ки барои бартараф кардани онҳо кўшишҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст.
Бо мақсади тақвият додани мубориза бар зидди коррупсия дар ҷумҳуриамон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст. Дар ҳамин радиф дар Вазорати маориф ва илми ҶТ «Барномаи зиддикоррупсионии Вазорати маориф ва илм» ва «Нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардида, дастраси ҳамаи муассисаҳои таълимӣ шудааст, зеро ба ҳамагон маълум аст соҳаи маориф калонтарин соҳаи иҷтимоии кишвар ба шумор рафта, тарбиятгари ҷомеа мебошад ва омили асосии бақою пояндагӣ ва ташаккули ҳар миллату давлат аст.
Мубориза бо коррупсия аз таваҷҷўҳи ҳамарўзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ берун набуда, бо ин мақсад ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмўии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла фаъолон ва роҳбарони гуногуни ниҳодҳои давлатӣ ва фаъолони ҷомеа мебошад, ки бо ин мақсад бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Аз расонаҳои хабарӣ маълум аст, ки масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони муассисаҳои давлатии кишвар пайваста вохўрӣ баргузор менамоянд. Мақсад аз гузаронидани чунин вохўриҳо пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он ба шумор меравад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ омадааст: «Мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халадор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад».
Албатта, коррупсия мушкилоти умумиҷаҳонӣ аст ва ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Аз ин рў, самаранокии барҳам задани ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар ва муқовимат бо коррупсия аз муборизаи якҷояи давлату ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагӣ дорад.
Файзуллозода Э.Ф. – декани
факултети химияи ДМТ
Давлатшоева Ҷ.А. – мудири кафедраи
химияи физикӣ ва коллоидии
факултети химияи ДМТ