Дар саросари ҷаҳон нархи сӯзишвории дизелӣ гаронтар мешавад. Нархи миёнаи як литр сузишворӣ беш аз як долларо ташкил медиҳад. Дар ин бора агентии иттилоотии синхуа хабар медиҳад.
Коршиносон ин тамоюлро ба омилҳои мухталиф, аз ҷумла эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ пас аз пандемия марбут медонанд. Бино ба гузориши портали таҳлилии Global Petrol Prices, баландтарин нархи сузишворӣ дар ҷаҳон дар Ҳонконги Чин сабт шудааст, ки дар ин ин минтақа як литр сузишвории дизелӣ ба ҳисоби миёна 3 долларро ташкил медиҳад.
Коршиносон бар он назаранд, ки афзоиши нархи сузишворӣ барои соҳаҳои саноат, аз қабили нақлиёт ва хоҷагии қишлок душвориҳо ба вуҷуд меоварад.