Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси шаҳри Теҳрон

26 декабри соли 2023 мулоқоти cафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Зоконӣ баргузор гардидааст.

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ, ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи равобити бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Теҳронро дар партави густариши муносибатҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор доданд.