Соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ соли «Маърифати ҳукуқӣ» эълон карда шуд.
Соли 2024 аз қабули Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлол 30 сол пур мешавад ва ин боис ба эълони ин сол гардид. Бояд маърифати ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд баланд карда шуда, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо таъмин гардад, таъкид шуд дар Паём.