Солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқӣ то ба 20-30 фоизи шумораи умумии мошинҳои ба Тоҷикистон воридшаванда зиёд карда мешавад. Чунин тадбирҳо дар доираи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028» ба нақша гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи ин Барнома, инчунин Нақшаи тадбирҳои он дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025) аз ҷониби Вазорати нақлиёт таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 таҳти рақами 532 тасдиқ гардидааст.
Барнома барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, мутобиқ кардани он ба тағйирёбии глобалии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти вазъи экологии кишвар, ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла мубориза бо тағирёбии иқлим, таъмини тарзи ҳаёти солим ва мусоидат ба некӯаҳволии аҳолӣ, таъмини дастрасии умумӣ ба манбаъҳои арзон, боэътимод, устувор ва муосири энергия барои ҳама, таъмини гузариш ба моделҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсол, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст, равона гардидааст.
Мақсади Барнома фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди мошинҳои барқии категорияҳои M1, M2, M3, N1, N2 ва N3 мебошад, ки бо муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд.
Тибқи Барнома, дар кишвар маҷмӯи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди мошинҳои барқӣ амалӣ гардонида, инфрасохтор, аз ҷумла нуқтаҳои пуркунии барқ ва таъмиру тармими ин мошинҳо, шароити мусоид барои дафъи (безараргардонии) батареяҳои онҳо, инчунин заминаи истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва ҷузъҳои онҳо таъсис дода мешаванд.
Дар доираи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028» афзоиши воридот, тавсеаи инфрасохтор, дар маҷмӯъ рушди нақлиёти «сабз» ҳамчун соҳаи нави иқтисодиёти кишвар пешбинӣ гардидааст.
Айни замон дар Тоҷикистон ба воридкунандагони мошинҳои барқӣ як қатор имтиёзҳо дода, онҳо аз ҷумла аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.
Қаблан Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба хабарнигорон гуфта буд, ки ҳамасола садҳо миллион доллар сӯзишворӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Ба гуфтаи вай, иқтидори тавлиди нерӯи барқ ва имконияти истифодаи мошинҳои барқӣ дар кишвар хеле зиёд аст.
Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон сӯзишвории автомобилиро қариб пурра, асосан аз Русия (бензин ва сӯзишвории дизелӣ) ва Қазоқистон (гази моеъ) ворид мекунад. Дар айни замон, ҷумҳурӣ дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад (527 млрд кВт/соат дар як сол), аммо ҳамагӣ тақрибан 4%-и онро истифода мешавад (тақрибан 21 млрд кВт/соат дар соли 2021).
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як сол пеш дар Паёми солонаи худ ба парлумон захираҳои бузурги кишварро барои истеҳсоли нерӯи барқи тоза ва ҳаҷми ками партовҳои газҳои гулхонаиро таъкид намуда буданд.
«Дар сурати истифодаи нерӯи барқи “тоза”, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, тавассути воситаҳои нақлиёти барқӣ ниёзи Тоҷикистонро ба маҳсулоти нафтӣ коҳиш додан ва ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии кишвар мусоидат кардан мумкин аст», — гуфтанд Сарвари давлат. Пешвои миллат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш доданд, ки «барои ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ дар дохили кишвар чораҳои мушаххас андешад».
Гузашта аз ин, дар ҷараёни Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест – 2023» моҳи сентябри соли 2023, ки дар он тақрибан 800 вакил аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳ доданд, ки чаро ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ сармоягузорӣ кардан лозим аст. Зимни суханронии худ дар ин форум Сарвари дапвлат тазаккур доданд, ки Тоҷикистон барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ имконият дорад, зеро дар ҷумҳурӣ алюминий бо риояи тамоми талаботи экологӣ истихроҷ карда мешавад, инчунин дар кишвар энергетикаи «сабз» рушд ёфтааст, ки омилҳои асосии таъсиси маркази истеҳсоли мошинҳои барқӣ метавонанд бошанд, изҳори итминон намуданд Президенти кишвар.
Бознашр аз https://mintrans.tj/