Маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо аз 1 июли соли оянда ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад.
Ин нуктаҳо аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда шуд.
Ҳамчунин нафақа,кумакпулиҳо ва иловапулиҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди аққали музди меҳнат ба 800 соомнӣ расонида мешавад.
Президенти кишвар афзуд, ки ботадриҷ сол ба сол барои бештар намудани музди меҳнат, стипендия ва нафақа Ҳукумати мамлакат тадбирҳо меандешад ва сатҳи зиндагӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.