Дарозумрии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар дар соли 1991-ум 70 сол бошад, дар соли 2023 он 76,3 солро ташкил дода, шумораи фавт аз 1000 – 6 нафар дар соли 1991 то ба 3 нафар дар соли 2023 –юм расидааст, яъне ду баробар фавт кам шудааст.
Ин ҳама натиҷаи дастгирии соҳаи тандурустии мамлакат мебошад. Шумораи аҳолӣ аз 5, 3 млн. нафар то ба 10,2 млн.нафар расидааст ва ҳар сол 2,1 фоиз аҳолӣ меафзояд, таъкид шуд дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло ҷараён дорад.
Дар соли 2023 ба соҳаи тандурустӣ 3, 3 млрд сомонӣ равона карда шудааст , ки 8,8 фоизи буҷетро ташкил медиҳад. Ба нақша гирифта шудааст, ки 350 муассисаи тиббӣ таъмир карда шавад ва ба ин мақсад 500 млн.сомонӣ равона карда мешавад.
Дар баробари ин дастовардҳо Президенти ҶТ таъкид намуданд, ки бояд сатҳи хизматрасонии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ беҳтар карда шавад ва ба омода намудани мутахассисон таваҷҷуҳ бештар гардад, зеро ин соҳа ба солимии ҷомеа, солимии мову шумо дахл дорад.
Шоистаи Аҳмад