Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло ҷараён дорад, оид ба қарзҳои пешниҳодшаванда аз ҷониби низоми бонкии мамлакат зикр карда шуд, ки 39,6 млрд сомонӣ мебошад.
Қарзҳои хурд 13, 3 млрд сомониро ташкил дод ва барои бештар намудани ин намуди қарз дастурҳо ба низоми бонкӣ дода шуд.
Ҳамчунин Президенти мамлакат гуфтанд, ки ба бонувон 4,8 млрд сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудааст, ки ин маблағи кам набуда, барои беҳтар намудани вазъи молиявии ҳар як бону кумак мерасонад.
Ҳамчунин Пешвои миллат ба падару модарон пешниҳод намуданд, ки то қадри имкон барои босавод шудани махсусан духтарон бикўшанд ва фаромўш накунанд, ки босаводии онҳо ин саводнокии модарони оянда мебошад. Вақте фарзанд босавод ва соҳиби касбу ҳунар мегардад, ин дастгирӣ барои волидон айёми пирӣ низ мебошад.
Шоистаи Аҳмад