Нишондиҳандаидигаре, ки дар Паёми ҷараёндоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, ин сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то ба 21,3 фоиз дар соли 2023 расидааст.
Ба таъкди Пешвои миллат агар ба ду даҳсола таваљљуҳ кунем, соли 1999-ум сатҳи камбизоатӣ 83 фоиз буд ва дар давоми ин солҳо Ҳукумати мамлакат бо тадбирандешиҳо тавонист 62 фоиз онро поён биёрад, ки ин дастоварди назаррасест.
Президенти Чумҳурии Тољикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хукумати кишвар супориши махсус доданд, то ки сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз кам карда шавад ва суръати рушди иктисод дар соли 2024 8 фоиз таъмин гардад.
Шоистаи Аҳмад