Дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ду тифли як хонадон, ки яке чор ва дуюмӣ ду сол дошт, дар оби канали деҳа ғарқ шудаву ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар медиҳад.
Манбаъ сабаби ин ҳодисаро беназоратии волидон медонад. Ҷасади ин ду тифлро сокинони деҳа пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Ҳалокати ноболиғон дар обҳои кишвар ҳодисаи нав нест. Аксар вақт ин рӯйдодҳои ғамангезу фоҷеабор, ки якумр доғе дар қалби падару модар ва наздикону пайвандон мегузоранд, бар асари беназоратии калонсолон рух медиҳанд.
Волидон ҳамеша бояд фарзандони ноболиғи худро назорат кунанд, онҳоро ҳаргиз танҳо нагузоранд.
Беназоратӣ ҳамин гуна паёмадҳои нохӯш дорад.