НАТИҶАГИРӢ ФАЪОЛИЯТИ РАДИОИ ТОҶИКИСТОН ВА ШАБАКАҲОИ ОН ДАР СОЛИ 2023

25 декабри соли 2023 дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он дар соли 2023 ва дурнамои фаъолияти дар давраҳои минбаъда ҷасала доир гардид.

Дар ҷасала, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати њамоњангсозии барномаҳои радиоӣ ва дастаҳои ҳунарӣ, маъмурияти Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он иштирок карданд.

Дар ҷаласа, дирктори Радиои Тоҷикистон ва сармуҳаррирони шабакаҳои дигар оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар соли 2023 ва лоиҳаву барномаҳои нав маълумот доданд.

Ҳамин тавр, ҳамаи масъалаҳо дар ҷаласа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муназзамии фаъолият, беҳтар гардондани шароит ва имконоти эҷодию техникӣ, тарғибу ташвиқи пайвастаи сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳияи барномаву гуфторҳои ҷолибу муосир бо истифода аз иқтидори эҷодию техникӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию насли наврас роҳбарони шабакаҳои радиоӣ вазифадор карда шуданд.