Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои маблағгузории лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ», маблағгузории иловагии лоиҳаи «Минтақавии интиқоли неруи барқи CASA – 1000» ва маблағгузории иловагии «CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Созишномаҳоро 21 декабр Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.
Ҳадафи асосии лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ»- ин таҳкими низоми суғуртаи пасандозҳо, қарздиҳии бонкӣ ба корхонаҳои хурду миёна ва мусоидат ба ҳамгироии корхонаҳои хурду миёна ба занҷирҳои арзиш мебошад.
Маблағи лоиҳа 37,2 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки он ба 50 млн доллари амрикоӣ баробар буда, аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд маблағгузорӣ мегардад.
Мақсади маблағгузории иловагии лоиҳаи «Минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000»- ин интиқоли барқи изофаи тобистонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Ҳамчунин ин лоиҳа ба коркарди механизмҳои савдои неруи барқ ва ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат менамояд.
Арзиши умумии маблағгузории иловагии ин лоиҳа 11 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун маблағҳои грантӣ пешниҳод гардидааст.
Мақсади маблағгузории иловагии «CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа»- ин баланд бардоштани сифат ва вусъат бахшидани дастрасӣ ба хизматрасонии таъминоти барқ, инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва мусоидат дар самти пурзӯр намудани иқтидори худидоракунии маҳаллӣ дар ҷамоатҳои фарогири ҳудуди лоиҳа ба ҳисоб меравад.
Арзиши умумии маблағгузории иловагии лоиҳаи гуфташуда 10 млн доллари амрикоӣ мебошад, ки он аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун маблағи грантӣ пешниҳод гардидааст.