Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи ресандагии “Арвис Зелал Текстайл” шинос шудааст.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар корхона айни замон наздик 300 нафар занону духтарон ба кор таъмин гардида, ояндаи наздик боз 100 нафари дигар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб хоҳанд шудааст.
“Арвис Зелал Текстайл” дар натиҷаи тадбирандешиҳои саривақтии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Мастчоҳ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ташаббуси соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия пас аз солҳои бозистӣ ба кор андохта шуда, дар корхона коркарди нахи пахта ба роҳ монда шудааст.
Корхона бо таҷҳизоти замонавии истеҳсоли давлатҳои пешрафта муҷаҳҳаз буда, давоми сол муваффақона ришта истеҳсол менамояд.
“Арвис Зелал Текстайл” дар як сол то 5000 тонна пахтаро коркард ва аз он ришта истеҳсол карда, маҳсулот содирот карда мешавад. Дар соли ҷорӣ наздик 3000 тонна пахта коркард шудааст.
Раиси вилоят аз кӯшишҳои масъулин дар самти беҳтар намудани фаъолият изҳори қаноатмандӣ карда, барои марҳила ба марҳила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тавсияҳо додааст.