Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи доимии Барномаи рушди СММ

21 декабри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиелро ба ҳузур пазируфтааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамсуҳбатон бо изҳори ризоят аз сатҳи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф перомуни лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда, чорабиниҳои байналмилалии дарпешистода ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.