Дар ҳошияи баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир 20 декабр вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо агентиҳои давлатӣ ва хусусӣ дар самти бокортаъминкунии шаҳрвандон дар хориҷа баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи ин Вазорат хабар медиҳад, зимни суханронии хеш Ҳасанзода Гулнора Кенҷа қайд намуданд, ки қабул шудани Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз 18 декабри соли 1990 бо ташаббуси Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ аз соли 2000 инҷониб ҳар сол Рӯзи байналмиллалии муҳоҷир қайд карда мешавад.
Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо давлатҳои иштирокчиии онро уҳдадор намудааст, ки мувофиқи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар ин Конвенсия пешбинӣ шудаанд ва дар ҳудуди давлат ё ҳудуде, ки таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо қарор доранд, риоя ва ҳифз карда шавад.
Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳануз соли 2001 Конвенсияи байналмилалии болозикр тасдиқ ва санадҳои миллиро ба он мутобиқ намудааст. Айни замон, дар ҷумҳурӣ шароитҳои зарурӣ барои таъмини хизматрасониҳои ройгон ба муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин буда, барои омодагии касбӣ, бокортаъминсозии муташаккилонаи онҳо дар хориҷ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта як қатор барномаҳо амалӣ шуда истодаанд.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузор намудани ин чорабинӣ ин баррасии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар самти бокортаъминкунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, муайян намудани мушкилот ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли он мебошад.
Қайд карда шудааст, ки Вазорат дар асоси Нақшаи амалӣ Статегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 тасмим дорад, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар самти муҳоҷирати аҳолиро такмил диҳад. Бахусус, дар самти танзими фаъолияти агентиҳои бокортаъминкунӣ дар хориҷа чорабиниҳои мушаххас ба нақша гирифта шудаанд.
Дар рафти вохурӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор вобаста ба мушкилии сафабаркунии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар дар самти фаъолияти худ ибрози назар карда, тавсияҳо барои беҳбудии кор пешниҳод намуданд.