Дар Нуробод як мошини тамғаи Nexia, ки тахминан рӯзҳои 11-12 декабри соли равон ба дарё сарозер шуда буд, пайдо аз аз миёни рӯдхона берун оварда шудааст.
Тавре сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин мошин ба як сокини 30-солаи шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод мутааллиқ буд. Дар хабари рӯзҳои аввал гуфта мешуд, ки вай дар роҳи ҳаракат аз самти Душанбе ба Нуробод нопадид шудааст. Ҷуъиёти ин ҳодисаро касе намедонист. Танҳо тахмин мерафт, ки эҳтимолан дар дарё ғарқ шуда бошад.