Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли равон ва супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо операторони мобилӣ ба шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб рафта, бо вазъи фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ дар ин минтақаҳо шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад.
Зимни шиносоӣ мутахассисони Хадамоти алоқа, КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” якҷо бо операторони мобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб санҷиш ва мониторинги сифати алоқаи мобилӣ гузарониданд.
Мониторинги сифати алоқаи мобилӣ дар ин минтақаҳо чанд рӯз идома ёфта, мақсади асосии он пурра муайян намудани сатҳи фарогирии мавҷи истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ дар маҳалҳо ва дақиқ сохтани мушкилоту монеаҳо дар ин самт мебошад.
Дар натиҷаи санҷиши техникӣ маълум гардид, ки на дар ҳама ҷамоату деҳаҳои ин минтақаҳо сифати алоқаи мобилӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Ҳамчунин дақиқ сохта шуд, ки фарогирии мавҷи ширкатҳои алоқаи мобилӣ низ дар маҳалҳо гуногун мебошад.
Натиҷаи мониторинги сифати алоқаи мобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб ба сардори Хадамоти алоқа пешниҳод гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои бадастомада роҳбарияти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ширкатҳои мобилиро муваззаф намуд, ки дар баробари таҷдиду навсозии истгоҳҳои фаъоли базавии алоқаи мобилӣ истогоҳҳои иловагӣ насб намоянд.
Ҳамзамон бо мақсади аз ҷониби ҳамаи ширкатҳои мобилӣ фароҳам овардани шароити мусоид ва интихоби баробари сим-кортҳо барои сокинон операторони мобилӣ вазифадор шуданд, ки дар истгоҳҳои фаъол ва сохташаванда мавҷпаҳнкунандаҳои худро бо иқтидори яксон фаъол намоянд.