Барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар Федератсияи Русия таҳсил доранд, озмун доир мешавад

Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо дастгирӣ ва сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия байни донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии  ҳудуди Федератсияи Русия озмуни «Донишҷӯи сол – 2023» эълон менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.

Мақсад аз баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои нави  ҷавонони  лаёқатманди тоҷик дар мамлакати иқомат, муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод, муттаҳид намудани ҷавонон дар хориҷи давлат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаҳои гуногун дар байни донишҷӯён  мебошад.

Дар озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди Федератсияи Русия дар гурӯҳи рӯзона таҳсил менамоянд, иштирок намуда метавонанд. Донишҷӯёне, ки дар соли аввал таҳсил менамоянд, бо назардошти ҷамъбаст нагардидани соли аввали таҳсил имконияти иштирок намуданро надоранд.  Аз як донишгоҳ метавонанд чанд нафар номзадии худро пешбарӣ намоянд.

Донишҷӯёни тоҷик то 30 декабри соли 2023, соати 18:00 тавассути линк метавонанд номзадии худро пешбарӣ намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳои иловагиро тариқи суроғаи электронии дар зер овардашуда ирсол намоянд.