Баррасии муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Фаронса

18 декабри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёлро ба ҳузур пазируфтааст.

Дар ин бора сомонаи расмии ин Вазорат хабар дода, изофа мекунад, ки зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Ба итттилои манбаъ, Вазири корҳои хориҷӣ сафири Фаронсаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.