Рӯзи 18 декабри соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазир Ашурбой Солеҳзода ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад, дар ҷаласа Ашурбой Солеҳзода қайд намудааст, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар 10 моҳи соли 2023 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 104,7 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 8,3 фоизро ташкил намуд.
Таъкид гардидааст, ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар давоми соли 2023 як қатор тадбирҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии беасоси нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ андешида шудааст. Бахусус ҷаласаҳо бо роҳбарият ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркаркунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ», Ассотсиатсияи «Воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ», воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти гандум, орд, равған, шакар ва маҳсулоти нафтӣ баргузор гардида, бо мақсади мӯътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ тавсияҳои дахлдор дода шудааст.
Ҳамзамон қайд гардид, ки бо мақсади танзими бозори маҳсулотҳои ниёзи аввал фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 28 сентябри соли 2023, №35 «Дар бораи муқаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ ба Номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» тасдиқ гардида, дар доираи он сатҳи ниҳоии даромаднокӣ дар корхонаҳои коркарди гандум, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсол ва фурӯши орд вобастагӣ доранд, то 10 фоиз муқаррар карда шудааст.
Дар охири ҷаласа аз натиҷаи баррасии масъала ҷаласаи Ситод қарорҳои дахлдор қабул намуд, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли гузориши муфассал ирсол карда мешавад.