Бо ташаббуси Созмони кишоварзӣ ва озуқавории СММ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2023 дар МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Рушди ишораҳои ҷуғрофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар-мизи мудаввар баргузор гардидааст. Дар ин бора Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мақсади баргузории семинар оид ба нишонагузорӣ кардани маҳсулотҳои кишоварзӣ аз минтақаҳои истеҳсолшаванда арзёбӣ гардид. Дар семинари мазкур коршиноси миллии лоиҳаи СКО барои ишораҳои ҷуғрофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслонов Умед, таҳлилгар оид ба ишораҳои ҷуғрофӣ Дмитрий Звягинсев иштирок ва суханронӣ намуданд. Намояндагони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи онлайн ширкат варзиданд.
Дар семинар таъкид гардидааст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, ба уҳдаи вазорату идораҳои дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст. Зимни чорабинии мазкур зарурати таҳияи «Стратегияи гуногунии агробиологӣ» ва афзалиятнокии стратегия муҳокима ва баррасӣ гардида, барои иҷрои он масъулон вазифадор карда шуданд.