Субҳи имрӯз ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода даъвати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ Вячеслав Володинро пазируфта, барои иштирок дар ҷаласаи сайёри Шӯро ва ҷаласаи шонздаҳуми пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, ки рӯзи 19 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад, сафар намудааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дода, изофа мекунад, ки ба ҳайат ҳамчунин Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корхои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода шомил аст.
Ёдовар мешавем, ки баргузории ҷаласаҳои СААД, далели равшани ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзои СААД мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон мебошад.