Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикстандарт бо истеҳсолкунандагони ватанӣ

Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва Агентии Тоҷикстандарт ҷиҳати дастгирии истеҳсоли ватанӣ ва ҳамкории зич бо онҳо роҳбарияти Маркази ташхиси минтақавии Тоҷикстандарт дар шаҳри Конибодом тасмим гирифтанд, ки аз корхонаҳои истеҳсолӣ дидан карда, аз вазъу ҳолати онҳо бохабар шаванд.

Ин навбат онҳо бо дарназардошти тақвият додани ҳамкориҳо ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замима мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир аз раванди фаъолияти корхонаи ҶСК «Конибодом», ки ба истеҳсол ва коркарди мева машғул мебошанд, дидан карданд.

Дар баробари ин, боз аз корханаҳои ҶДММ Шириниҳои Тоҷикистон ва ҶДММ Шириниҳои Конибодом, ки ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар шаҳри Конибодом машғули фаъолиятанд, боздид намуда, ба онҳо ҷиҳати риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ кумакҳои амалию тавзеҳотӣ расониданд.