Раёсати содироти маҳсулоти кишоварзӣ:
— сардори раёсати содироти маҳсулоти кишоварзӣ – 1 ҷой (категорияи 1), маоши мансабӣ – 3143,90 сомонӣ;
— сармутахассиси раёсати содироти маҳсулоти кишоварзӣ – 3 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ — 1577 сомонӣ;
Бахши намояндагии Агентии содирот дар минтақаи Рашт:
— мудири бахши намояндагии Агентии содирот дар минтақаи Рашт – 1 ҷой (категорияи 4), маоши мансабӣ — 1422,95 сомонӣ;
Раёсати молия ва таъмини ҳуқуқӣ:
— сармутахассиси раёсати молия ва таъмини ҳуқуқӣ – 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ – 1577 сомонӣ;
Раёсати содироти маҳсулоти саноатӣ:
— мутахассиси пешбари раёсати содироти маҳсулоти саноатӣ – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ — 1286,50 сомонӣ;
Бахши намояндагии Агентии содирот дар шаҳри Душанбе:
— мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содирот дар шаҳри Душанбе – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ — 1170,30 сомонӣ.
Бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Суғд:
— мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Суғд – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ — 1170,30 сомонӣ.
Бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Хатлон:
— мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Хатлон – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ — 1170,30 сомонӣ.
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус:
— мутахассиси бахши кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ — 1062,40 сомонӣ.
Бахши намояндагии Агентии содирот дар минтақаи Ҳисор:
— мутахассиси бахши намояндагии Агентии содирот дар минтақаи Ҳисор – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ — 1062,40 сомонӣ.
Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.
Талабот ба довталабон
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ
надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УБ;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
— эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
1. Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори раёсати содироти маҳсулоти кишоварзӣ:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— кор карда тавонистан бо компютер.
2. Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати содироти маҳсулоти кишоварзӣ:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодчӣ, кишоварзӣ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
кор карда тавонистан бо компютер.
3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мудири бахши намояндагии Агентии содирот дар минтақаи Рашт:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси кишоварзӣ, иқтисодчӣ, ва ҳуқуқшиносӣ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
— кор карда тавонистан бо компютер.
4. Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати молия ва таъмини ҳуқуқӣ:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, иқтисодчӣ ва ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
— кор карда тавонистан бо компютер.
5. Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати содироти маҳсулоти саноатӣ:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси саноатчӣ ва иқтисодчӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— малакаи кор бо компютер.
6.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содирот дар шаҳри Душанбе:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодчӣ ва ё ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 1собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— малакаи кор бо компютер.
7.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Суғд:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодчӣ, кишоварзӣ ва ё ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— малакаи кор бо компютер.
8.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Хатлон:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодчӣ, кишоварзӣ ва ё ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 1сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— малакаи кор бо компютер.
9.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси бахши кадрҳо ва корҳои махсус:
— таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси филологӣ, иқтисодчӣ, ҳуқуқшиносӣ ва ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— малакаи кор бо компютер.
10.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси раёсати содироти маҳсулоти кишоварзӣ:
— таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ ихтисоси кишоварзӣ ва иқтисодчӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— малакаи кор бо компютер.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турзунзода 23, телефон: 487011616, суроғаи электронӣ: kadrsodirot@mail.ru, сомона: www.export.tj