15 декабри соли 2023 мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини якуми Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад доир гардидааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот мавзуъҳои мубрами ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, ба хусус обу иқлим, Ҳадафҳои рушди устувор ва вазъи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, дар робита ба масъалаи обу иқлим, ҷонибҳо хусусан вобаста ба пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023 таваҷҷуҳ намуда, омодагии худро ҷиҳати идома додани ҳамкории судманд дар ин самт иброз доштанд.