Дар идомаи сафар вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар ҷаласаи навбатии вазирони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд, ки таҳти унвони “Устувории иқтисодӣ ва барқарорсозӣ” баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намудааст.
Тавре сомонаи расмии Вазорати молия хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур, инчунин дигар вазирони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд вобаста ба мавзӯи ҷаласа маърӯзаҳо намуданд.