Имрӯз дар доираи сафари рӯзноманигорони тоҷик ба Ҷумҳурии исломии Эрон дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар ҶИЭ ҳамоиш дар мавзуъи “Нақши расонаҳо дар рушди муносибатҳои Эрону Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур кормандони сафорат, намояндагони ВКХ- Тоҷикистону Эрон ва роҳбарону кормандони расонаҳои давлатии Эрону Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамоиш бо садо додани суруди миллии ҳарду кишвар оғоз гардид. Сафири ҶТ дар ҶИЭ Низомиддин Зоҳидӣ зимни сухани ифтитоҳӣ, саҳми ВАО-ро дар густариши муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо бахусус Эрон муҳим арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи сафир ташрифи намояндагони расонаҳои давлатии Тоҷикистон ба Эрон натиҷаи муносибатҳои неки ҳарду кишвар маҳсуб меёбад. Далели ин гуфтаҳо сафар намудани Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон ва имзои созишномаҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар самти ВАО ва лағви раводид миёни ду кишвар мебошад.
Дар идома намояндагон аз ВКХ-и Эрон, Созмони садо ва симои ин кишвар ва хабаргузории ” Форс” оид ба мустаҳакам намудани равобит дар самти ВАО баромад намуданд. Ҳамзамон, дар чорабинӣ намояндагони расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз ҷумла сармуҳаррири идораи барномаҳои иқтисод, рушди сармоя ва соҳибкории ТВ Тоҷикистон Наҷмиддинзода Хуршеда, мудири бахши форсии Радиои Овози Тоҷик Малвина Хушқадамова ва корманди ҳафтаномаи Адабиёт ва санъат Раънои Мубориз дар мавзуи “Нақши расонаҳои электронӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар мисоли радио, телевизион ва матбуот баромад намуданд. Ҳамчунин Пайрав Назарзода намояндаи АМИТ “Ховар” дар мавзуьи “Марҳилаи рушд ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар раванди соҳибистиқлолӣ ва технологияи рақамӣ” баромад намуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи дуюм аст, гуруҳи рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ, бо мақсади омӯзиши таҷрибаи расонаҳои эронӣ ва ҷиҳати иштирок дар машғулияти омӯзишӣ дар самти журналистика дар ҶИЭ қарор доранд ва эҳтимол аст, ки сафари рӯзноманигорон як ҳафта идома ёбад.
Муқимова М.
Душанбе-Теҳрон