Гуруҳи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафарашон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аз боғи “Китоби Теҳрон” дидан карданд. Масъулини китобхона дар суҳбат ба намояндагони ВАО-и тоҷик гуфтаанд, ки боғи мазкур бузургтарин макон ва фурӯшгоҳи китоб дар Ховари миёна буда, масоҳаташ 105 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Боғи “Китоби Теҳрон” аз якчанд маҷмуа аз ҷумла маҷмуаи ҳунарӣ, диҷитол, фурӯшгоҳи китоб, боғи илмии кӯдак, боғи илмии навҷавон ва маҷмуаи тафреҳӣ иборат мебошад. Дар ин бора хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Малоҳати Муқим аз ҶИЭ хабар дод.
Бояд гуфт, ки гӯруҳи рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ, бо мақсади омӯзиши таҷрибаи расонаҳои эронӣ ва ҷиҳати иштирок дар машғулияти омӯзишӣ дар самти журналистика ба ҶИЭ сафар карданд ва эҳтимол аст, ки сафари рӯзноманигорон як ҳафта идома ёбад.