Дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №545 “Тартиби ба занҳо расонидани кумаки тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди он дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ” ҷиҳати баланд бардоштани дастрасии занони ҳомила ба нигоҳубини антенаталии сифатнок, ёрии таваллудӣ ва пас аз таваллуд имрӯз, 12 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба минтақакунонии хизматрасонии тиббӣ ба занони ҳомила, ёрии таваллудӣ ва пас аз таваллуд мизи мудаввар баргузор гардид.
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар чорабинӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор марказҳои саломатӣ ва таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Гуфта шудаасӣ, ки беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла амалӣ гардидани як қатор барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими дар ин самт қабулгардида аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба ин бахши муҳими соҳаи тандурустӣ дарак медиҳанд.