Китоби “Сад таронаи Аҳмад Зоҳир” чоп шуд

Сарредаксияи илмии Энсикломедияи миллии тоҷик китоберо бо номи “Сад таронаи Аҳмад Зоҳир” нашр кард, ки сурудаҳои ин хунёгари нотакрорро бо нота дар бар гирифтааст. Дастандаркорони ин ташаббус ба ин назаранд, ки ин иқдом барои дуруст навохтану бехато хондан кумак мекунад.

Дар сарсухани китоби мазкур гуфта мешавад, ки Аҳмад  Зоҳир  аз  беҳтарин  ва машҳуртарин  овазхони асри 20 дар миёни порсизабонон  аст, ки аз худ оҳангҳои ҷолибу дилкаши  беназир ба ёдгор гузошт. Ӯ  на танҳо дар Афғонистон  балки  дар  Тоҷикистон, Эрону Покистон, Ҳинду  Арабистон  ва Аврупо  низ алокамандони бешуморе дорад, ки таронаҳояшро  мардум  зиёд  гӯш мекунанд  ва хеле  аз  овозхонони касбию  ҳаваскор  бозхонӣ  мекунад. Аҳмад  Зоҳир  бештар кушиш  мекард,  то  аз  пурмаънитарин  ашъор  дар  охангҳои  худ  истифода кунад  ва аз  ҳамин  рӯ алоқаи  ӯ  ба  Мавлоно, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Симини Беҳбаҳонӣ, Раҳии  Муаййирӣ,  Халулиллоҳ  Халили Абулқосим Лоҳутӣ, Фурӯғи  Фаррухзод ва  дигарон  шуарои  забардасти  форсизобонон  бештар буд.

Ахмад-Зохир

Таронаҳои  Аҳмад  Зоҳир  дар  33  албом  тадвин  гардида,  ба  шакли  савтӣ  тақдим  шудааст.   Мухлисонаш аз  рӯи ин албомҳо  сурудҳои  ӯро  бозхонӣ карданду  мекунанд. Ба идаои муаллифон сад таронае,  ки  интихоб  шуд,  миёни  ҳаводоронаш  дар  Тоҷикистон  бештар  ба  гӯш  мерасад  ва  ғалат   навохтаву  хондаҳо  низ  дар  миёни  ин  сад  тарона  мушоҳида  мешавад. Матни форсии сурудҳо ба хотири истифодаи дигар  форсизабонон  изофа  гардид.

Китоби “Сад таронаи Аҳмад Зоҳир” асосан ба онҳое тавсия дода шудааст, ки мехоҳанд ин таронаҳоро беғалат бозхонӣ кунанд.